Тавзеҳи самтҳои Паёми Пешвои миллат ба Парлумон дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар мавзӯи «Тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва инъикоси он дар воситаҳои ахбори умум» ҳамоиш доир гардид.
Дар он раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва Лутфия Раҷабова оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат бозгӯи вазъи воқеии ҷумҳурӣ буда, он самтҳои асосии фаъолиятро дар бахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат равшан ифода мекунад.
Тавре директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, баргузории ҳамоиши мазкур ба хотири инъикоси ҳамаҷонибаи Паёми Пешвои миллат буда, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва донишҷўёни бахшҳои журналистии донишгоҳҳои мамлакат ба саволҳои сершумори худ аз вакилони мардумӣ посухи мушаххас пайдо карданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба 40 нафар хатмкунандагони машғулиятҳои омӯзишӣ шаҳодатномаҳои Муассисаи давлатии «Академияи ВАО» супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» аз 1 марти соли 2016 фаъолияти худро оғоз намуда, ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи ВАО машғул аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






