«ТУ БЕҲТАРИН!». Ашки шодии Меҳрона Ғайбуллоева пас аз ғолибият дар Озмуни байналмилалии вокалӣ дар Москва

Февраль 26, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 26.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии НТВ-и  Федератсияи Россия ширкат варзида, ба даври дуюм роҳ ёфт.

Тавре муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Баҳром Назаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Меҳрона Ғайбуллоева  бо садои дилнишин ва лаҳни гуворои худ аҳли толорро мафтун намуда, баҳои баланди доваронро ба даст овард.

«Боиси ифтихор аст, ки баромади Меҳрона Ғайбуллоеваро тариқи ширкати телевизионии НТВ-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар тамоми дунё тамошо намуда, аз ҳунари воло ва санъати баланди ин духтари тоҷик бохабар гардиданд. Меҳрона аз кафкӯбии аҳли толор ва доварон ашки шодӣ мерехт, ки ман инро аз тариқи телевизион тамошо карда, ифтихор намудам»,- зикр кард Баҳром Назаров.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони боистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд.

Ба иттилои Баҳром Назаров, «Озмуни «Ту беҳтарин!» ҳар сол аввалҳои моҳи декабр дар Сафорати Россия дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Меҳрона Ғайбуллоева тӯли се сол дар ин озмун иштирок намуда, қувваю истеъдоди худро санҷид. Ин сол ӯ ба ин озмун роҳ ёфт.

Бояд зикр кард, ки Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи  Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад.

«Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Меҳрона низ яке аз онҳост, ки баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид.

Айни ҳол Меҳрона дар шаҳри Москва қарор дорад ва барои иштирок дар даври минбаъдаи озмун, ки моҳи март баргузор мегардад, тамрин мекунад. Умед мебандем, ки ӯ дар ин давр низ ғолиб баромада, санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд»,-иброз дошт Баҳром Назаров.

Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур 82 навраси 8-18 сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд.

Февраль 26, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад