Вазорати фарҳанг дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сенарияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷикро таҳия намудааст

Февраль 7, 2018 10:31

ДУШАНБЕ, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим Соли фарҳанг ва дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки дар робита ба ин Вазорати фарҳанг баргузории тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон баён дошт.

Вазири фарҳанг зикр намуд, ки дар ин самт сафарҳои зиёд ба хориҷи мамлакат ҷиҳати намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва даъвати ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя ба ҷумҳурии мо дар назар дошта шудаанд.

Шамсиддин Орумбекзода афзуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ 140 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла, 8 китоб ва 132 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Ҳамзамон сенарияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷик таҳия гардида, 60 мақолаи энсиклопедӣ доир ба «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик барои чоп супорида шуд.

Аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахши «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон»  таҳия гашта, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Ин ҳама аз рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳанд.

Вазири фарҳанг дар масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг иброз намуд, ки «Вазорати фарҳанг дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданист. Охири моҳи декабри соли сипаригардида масъулини Вазорати фарҳанг бо мудирони Раёсат, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявии вилояти Хатлон оид ба соҳаи фарҳанг, масъалаҳо ва камбудиҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда суҳбат гузаронида, аз онҳо талаб карданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона созанд».

Ба иттилои Ш. Орумбекзода, бахшҳои фарҳанг муваззаф гардидаанд, ки оид ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо  ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Февраль 7, 2018 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода