ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: «ронанда»-и ноболиғ пиёдагардро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи Кӯҳии Металлургиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ин садама пиёдагард, Қурбонов С.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ЯХ-330», ноболиғ, Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки автомашинаи мазкур ба падараш, Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович, соли таваллудаш 1968 тааллуқ дорад, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






