Як нафар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дастгир гардид

Февраль 13, 2018 11:04

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як нафар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмади Абдул Фуруқ, соли таваллудаш 1975, миллаташ тоҷик, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир гардид.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, «ин узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ки аз 1 то 10 феврали соли 2018 бо мақсади пешгирии интиқоли маводи нашъадор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, боздошт гардида, аз ӯ 70 кг маводи нашъадори навъи ҳашиш ва чарс  мусодира карда шуд».

Муҳаммад Улуғхоҷаев ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи ин чорабинӣ  5 феврали соли 2018, соати 19:30 дар асоси маълумоти фаврӣ, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузарониданд. Дар вақти гузаронидани амалиёт байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиёни маводи нашъаовар зудухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқчиён аз ҷои ҳодиса ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

«Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 34 кг маводи афюн, 4 кг 800 гр  ҳашиш ва  8 кг бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Худи ҳамон рӯз соати 22:35 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз ҷониби қочоқбарони афғон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд»,-илова намуд ӯ.

Дар такя ба маълумоти номбурда, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ миёни қочоқбарони номаълуми афғон, сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқбарони афғон ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.

Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 54 кг афюн,  26 кг 590 гр ҳашиш2 адад тирдон бо тирҳои қутрашон 7,62 дарёфт ва мусодира шуд.

Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамзамон гуфт, ки 8 феврали соли 2018, соати 19:50 аз тарафи наряди сарҳадӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон»-и Отряди сарҳадии «Панҷ» убури ғайриқонунӣ ва вайронкунии сарҳади давлатӣ низ пешгирӣ карда шуд. Як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳади давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд. Қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

Аз ҷои ҳодиса 24 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони тамғаи М-16 истеҳсоли Америка бо як адад тирдон ва тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои номбурда, дар айни замон аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Февраль 13, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд