Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Чаҳоргонаи Вишеград» ва Осиёи Марказӣ ширкат намуд

Март 1, 2018 11:03

ДУШАНБЕ, 1.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Будапешт бо ибтикори Ҳукумати Венгрия, ки имсол раёсати гурӯҳи кишварҳои чаҳоргонаи Вишеградро бар уҳда дорад, 27 феврал нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин гурӯҳ (Венгрия, Полша, Чехия ва Словакия) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавер аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Музаффар Ҳусейнзода роҳбарӣ намуд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, иқтисод, тиҷорат, сармоя, маориф, сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия ҷалб намуд.

Ҳамчунин  бо дарназардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Тоҷикистон, М. Ҳусейнзода аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки дар таҳкими зарфиятсозии инфрасохтор ва саноати сайёҳӣ, инчунин рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монанд.

Дар арафаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 роҳбари ҳайати Тоҷикистон аз кишварҳои иштирокдор барои дар сатҳи шоиста ширкат кардан дар муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар ш. Ню Йорк, моҳи марти 2018 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар ш. Душанбе, моҳи июни 2018 даъват ба амал овард.

Тибқи барномаи нишасти мазкур, иштироккунандагон дар масоили марбут ба роҳандозии ҳамкории байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Марказӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ миёни ду минтақа бо тамаркуз ба масъалаҳои обу энергетика ибрози назар намуданд.

 

 

 

Март 1, 2018 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд