Ғалатӣ Мадалиева, як зани ҳунарманди шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чакану қаламарезгӣ, попуриву шероза ва дигар намуди маҳсулот ба фурӯш мебарорад
КӮЛОБ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ғалатӣ Мадалиева ҳунармандест, ки дар шаҳри Кӯлоб беш аз чил сол дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузоштаву садҳо нафар занону духтаронро соҳибкасб намудааст. Дастони муъҷизаофари ин модари ҳунарманд чакану гулдӯзӣ, қаламарезгию зардӯзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум меофарад. Ҳоло Ғалатӣ Мадалиева дар назди манзили истиқоматиаш маркази касбомӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардааст. Мавсуф дар маркази омӯзишии хеш бо кумаки фарзандон аз вилояти Суғд чор дастгоҳи адрасбофӣ дастрас намуда, ду нафар мутахассисро барои омӯзиши занону духтарон ҷалб намуд. Салима Нурова ду моҳ боз дар ин марказ ҳунари адрасбофӣ меомӯзад ва дар муддати кӯтоҳ тавонист нозукиҳои касбро аз худ кунад. Салима ҳам мебофаду ҳам ба дигар духтарон ин ҳунарро меомӯзад. Дар ин марказ ҳама саргарми коранд.
Гурӯҳе кадбонугӣ меомӯзанду нону кулча, кулчақанду ширинӣ ва хӯрокҳои миллӣ омода месозанд. Гурӯҳи дигар бо дастгоҳҳо куртаю камзӯл ва дигар намуди либосҳоро аз матои адраси дар марказ бофташуда ва матоъҳои дигар медӯзанд, дигарон либосҳои арӯсӣ омода карда, барои гулдухтарон намоиш медиҳанд. Дар ин ҷо ҳатто Бибимайрами хурдакак бо кумаки бибияш шероз мебофад.
Аз оғози сол дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якчанд адад чунин марказҳо кушода шуданд, ки занону духтарони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуда, қисми дигарро ба касбомӯзӣ фаро гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ аллакай беш аз 800 метр адрас бофта, аз он либосҳои миллӣ омода карда шудаанд ва чакану қаламарезгӣ, попуриву шероза ва дигар намуди маҳсулотро дар ҷашни Наврӯз ба фурӯш мебароранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






