«АЛЛА МЕГУМ БАЧАМЕ…». Суруди модар дар сари гаҳвора навозиш, меҳру муҳаббат ва орзуву таманниёти ӯ ба фарзанд мебошад
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи модар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд.
«Аз лаҳзаи эҳёи табиат зиндагиро дар рӯи замин бе зан тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро зан сарчашмаи меҳру муҳаббат ва фариштаи ҳар як хонадон ба ҳисоб меравад. Баробари шунидани калимаи зан пеши назар симои шахси ҳалиму меҳрубон ва мушфиқу меҳрубон- модар меояд. Зан-модар таҷассуми зебоӣ ва тимсоли биҳишт буда, барои ҳар як фарзанд шахси азизу маҳбуб ба шумор меравад. Ҳар қадаре зан бомаърифат бошад, ҳамон қадар оила ва ҷомеаву давлат ободу зебо ва устувор мегарданд. Заҳматҳои беназири зан- модар дар ҳаққи фарзанд моро водор месозанд, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар — Алла» ба ифтихори Рӯзи Модар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, он бо мақсади дар вуҷуди ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат ва дӯст доштани модар роҳандозӣ шудааст. Ҳоло, ки сухан дар мавриди мақому манзалати зан- модар меравад, модарони тоҷикро бе сурудани алла тасаввур намудан ғайриимкон аст. Алла навозиш, меҳру муҳаббат ва орзуву таманниёти модар ба фарзанд мебошад. Ин суруди маъмулии халқӣ ҷузъе аз фарҳанги волои ниёгон буда, то имрӯз боқӣ мондааст. Аз тарафи дигар, алла рози дили модарон буда, дар он ҳувият ва эҳсосоти онҳо таҷассум меёбад. Он дар тарбияи кӯдак нақши назаррас мегузорад.
Дар фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар- Алла» ҳунармандону ҷавондухтарони боистеъдод аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар васфи модар, таъсири алла ва навозиши модар ба фарзанд сурудҳо сароиданд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






