АМИТ «Ховар» дар Остона бо Дипломи Озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» бо Диплом сарфароз гардонида шуд.
Озмуни мазкурро Клуби журналистони Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази байналмилалии «Жария» ва Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Остона эълон намуда буданд. Дар он расонаҳои иттилоотии кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО»-ро дирӯз, 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остона аз номи созмондиҳандагони озмун ба директори АМИТ «Ховар» намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.
Маврид ба зикр аст, ки АМИТ «Ховар» масоил ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус дар самти муҳоҷирати меҳнатиро сари вақт ва бо маводу аксҳои ҷолиб пайваста инъикос менамояд. Бо Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз шудани АМИТ «Ховар» бозгӯи ин гуфтаҳост.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






