Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Март 16, 2018 18:18

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ  «Ховар»/. 14 марти соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Туркия (KOSGEB) доктор Ҷеваҳир Узкурт баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот оид ба сатҳ ва раванди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамзамон бо мақсади танзими ҳамкорӣ дар ин самт ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориро муҳим хонданд. Ду ҷониб ҳамзамон бо дарки нақши бузурги соҳибкории хурду миёна дар иқтисодиёт, ҷиҳати ба ҳам овардани соҳибкорони ду кишвар дар доираи чорабиниҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.

Март 16, 2018 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ