БАДАХШОН: роҳсозон ба васеъ ва мумфаршкунии роҳи марказии ноҳияи Ванҷ шурӯъ карданд
ХОРУҒ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳсозони Муассисаи давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ванҷ ба васеъ ва ҳамворкунии роҳи марказии ноҳия шурӯъ карданд. Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳия Одинашо Мардов, «ин роҳ аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва ба талаботи имрӯза комилан ҷавобгӯ нест. Зеро баъзе аз қитъаҳои роҳ ҳамагӣ 6-7 метр паҳноӣ дорад ва илова бар ин аз ду тарафи роҳ ҷӯйбор ва роҳи пиёдагард мавҷуд нестанд. Бинобар ин мутобиқи нақшаи генералии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи марказӣ комилан аз нав сохта мешавад. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар ихтиёри роҳсозон 8 техникаву механизмҳои пуриқтидор гузошта шудаанд ва онҳо мутобиқи нақша ҳамвор ва мумфаршкунии севу ним километр роҳро то даҳаи дуюми моҳи апрел ба анҷом мерасонанд».
Муовини аввали раиси ноҳия гуфт, ки «ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Зеро аз ин роҳ мошинҳое низ убур мекунанд, ки иқтидори вазнбардориашон аз 60 тонна боло аст ва дар сурати риоя накардани меъёрҳои роҳсозӣ ин роҳ дар фурсати кӯтоҳ хароб гардида метавонад».
Ҳамзамон дар канори роҳи марказӣ сохтмони чанд бинои хуштарҳу замонавӣ идома дорад. Соли равон биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ва шуъбаи амнияти миллӣ ба истифода дода мешаванд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






