Бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб дорои осорхона ва меҳмонхона мешавад

Март 16, 2018 11:42

ХОРУҒ, 16.03.2018, /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бинои сеошёна бунёд мекунад. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия Амриддин Қуботбеков гуфт, ки «таҳкурсии бинои мазкур тобистони соли 2017 гузошта шуда, барои сохтмони он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бино аз се ошёна иборат буда, ошёнаи аввали он барои таъсиси осорхона пешбинӣ шудааст. Дар ноҳия ду миллати бо ҳам дӯсту бародар- тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо боз дар канори ҳам аҳлона зиндагӣ мекунанд ва расму суннат, фарҳангу  ҳунари бою рангин доранд. Ба ҷуз ин дар ҳудуди ноҳия панҷ кӯли зебо, ки ҳар яке бо хусусиятҳои ҷуғрофию табиии худ аз ҳам фарқ мекунанд, мавҷуданд. Бештари сайёҳон маҳз барои тамошои ин кӯлҳо ва манзараҳои ҷолиби атрофашон  ба ин ноҳия сафар мекунанд».

Ба гуфтаи мудири бахши муҳити зисти ноҳия, дар осорхона нигораҳои қадимӣ, маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ, маълумот дар бораи олами набототу ҳайвоноти ҳудуди ноҳияи Мурғоб гирдоварӣ мешаванд. Дар толори осорхона барои баргузор кардани семинару конфронсҳои илмӣ ва маҳфилҳои гуногуни адабию фарҳангӣ шароити мусоид мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити истироҳатию маишӣ сохта мешавад.

Ҳоло бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо», ки аксарияташон ҷавонони маҳаллӣ мебошанд, аз нисф бештари корҳои сохтмониро анҷом додаанд. Онҳо ният доранд, ки биноро дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Сардори ҷамъияти мазкур Атомамад Давлатназаров гуфт, ки «дар гузашта бо сабаби сардии ҳаво тамоми корҳои сохтмонӣ қатъ мегардиданд. Аммо мо бо мақсади нигоҳ доштани ҳарорати муътадил атроф ва боми биноро бо маводи махсус печонидем ва дар фасли зимистон низ корро қатъ накардем».

Муовини аввали раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки  «соли 2017 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати вилоятӣ  барои корҳои сохтмонӣ  20 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, ки  бо ин маблағ 8  иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода шуда,  сохтмони 12 иншооти дигар идома дорад».

Март 16, 2018 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд