Дар Бонки миллӣ бо ҳайати коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё мулоқот доир гардид

Март 6, 2018 09:19

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон  мулоқоти    ҳайати  коршиносон- баҳогузорони  Гурӯҳи Авруосиё  оид   ба муқовимат  ба қонунигардонии даромадҳои  бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории  паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)  бо   намояндагони  Департаменти мониторинги  молиявӣ дар назди Бонки миллӣ   баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо     масъалаҳои  мазкурро    мавриди муҳокима қарор  доданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Департаменти  мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода   иброз дошт,  ҳадаф аз баргузории ин мулоқот огоҳ будан аз ҷараёни омодагӣ ба баҳодиҳии тарафайни Тоҷикистон, инчунин оид ба тадбирҳои андешидашуда дар самти муқовимат  ба қонунигардонии даромадҳои  бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории  паҳнкунии силоҳи қатли ом  мебошад.

Сафари  ҳайати  мазкур аз 5 то 15 марти соли равон  идома ёфта, дар доираи он вохӯрӣ бо ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба  МҚД/МТ/МПСҚО  ва Гурӯҳи корӣ оид ба  БХМ ҚД/МД, инчунин бо намояндагони мақомоти салоҳиятдори мамлакат ба нақша гирифта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 декабри соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) мақоми ваколатдор дар самти МҚД/МТ/МПСҚО   таъйин гардидааст.

Март 6, 2018 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд