Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои толибилмон Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзии кишвар ҳамасола дар моҳи март барои кӯдакон ва ҷавонон Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) доир менамояд.
Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар баргузории ин ҳафта тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон соли чорум аст, ки ҳафтаи мазкурро ҷашн мегирад. Раванди омӯзиши дониши молиявӣ аз синни хурдсолӣ, яъне аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ бояд идома дода шавад.
Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзи хурди (ҶСП ТАҚХ) «Ҳумо», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзи хурди (ҶДММ ТАҚХ) «ФИНКА» ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) 27 марти соли 2018 бо мақсади саҳмгузорӣ дар чорабинии мазкур боздиди толибилмонро ба осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуданд.
Дар баробари тамошои нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, зимни боздид барои хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи И.Сомонӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишии молиявӣ доир карда шуданд.
Зимни машғулиятҳои инфиродӣ аз ҷониби масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов оид ба нигораҳои осорхона, аз ҷумла, сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллии он маълумоти ҷолибу хотирмон пешниҳод гардида, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






