Дар Тоҷикистон Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор менамояд. Дар шаҳри Душанбе ин мусобиқот аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (ба масофаи 3,5 км) аз соати 7:00 то 11:00 сурат мегиранд. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқоти мазкур баҳри оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа ҳамчун муждаи неку хуҷастаи ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти он давоми моҳи март ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст.
Хоҳишмандону дӯстдорони ин намудҳои варзиш метавонанд дар онҳо озодона иштирок намоянд.









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






