Дар Душанбе масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки 15 март таҷлил мегардад, дар Душанбе бо ибтикори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки кормандони мақомоти марбута, соҳибкорон ва истеъмолкунандагон ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи ҷамъомад баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва савияи дониши соҳибкорон ва истеъмолкунандагон оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳангоми хариди мол ва пешниҳоди кору хизматрасониҳо мебошад. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода доир ба ваколатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои соҳибкорон ҳангоми фурӯши мол (кору хизматрасонӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда сухан кард. Зикр шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир ба ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст, изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, инчунин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон қарори мазкур масъулини мақомоти ваколатдорро водор месозад, ки назорати ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳангоми харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии онҳо бехатар пурзӯр намоянд.
Дар ҷамъомад мутахассисони Хадамоти зиддинҳисорӣ оид ба моҳияти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» маърӯза карда, ба иштирокчиёни ҷамъомад маводи таблиғотии вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






