Дар Франсия ҷашни Наврӯзи Аҷам таҷлил гардид

Март 16, 2018 18:20

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2018 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади  муҳташам доир гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз шинос шуда, бо расму русуми наврӯзӣ дар бораи таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз ин кишварҳо шинос шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо  ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии чопиро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт.

Март 16, 2018 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд