Дар Хуҷанд марҳилаи супоридани ҳуҷҷатҳои довталабон ба Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт

Март 2, 2018 15:37

ХУҶАНД, 02.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 1 марти соли равон дар радифи дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар ду нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд- МТМУ №5 ва гимназияи №24 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2018 (ИМД-2018) оғоз гардид.

Дар маросими оғози бақайдгирӣ намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Мирзоаминов ва масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мақсаду моҳияти бақайдгириро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, яке аз навгониҳои низоми имсола-ин хизматрасонии «Пешномнависӣ» дар ҳолати бархат (онлайн) ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода намуда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии «Пешномнависӣ» хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ мувофиқи матлаб аст.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд 1980 нафар довталабон ба номи пуршарафи донишҷӯӣ соҳиб гардиданд.

Дар маҷмӯъ, соли равон бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ҷараёни бақайдгирӣ то 15 апрел идома меёбад.

Соли равон чун дар соли 2017 ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.

 

 

 

Март 2, 2018 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад