Дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ шуруъ гардиданд

Март 26, 2018 12:31

ДУШАНБЕ, 26.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ  бармеоянд,  шоми дирӯз нахустин корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд  оғоз гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокоимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳ дар  кӯчаи «Дӯстии халқҳо» аз наздик шинос гардида, ба роҳсозон баҳри сифатан беҳтар кардани корҳо дастуру супоришҳо дод. Бояд қайд намуд, ки ин кӯча 3, 5 километр дарозӣ дорад ва он ба пуррагӣ мумфарш карда мешавад.

Бино ба  гуфтаи роҳбари КД «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд Салим Юнусов, ин оғози корҳои мумфаршкунӣ дар соли 2018 буда, то охири сол беш аз 30 километр роҳҳои дохилии шаҳр мумфарш карда мешаванд.

 

 

Март 26, 2018 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ