Дар ноҳияи Файзобод кӯдакистону бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ФАЙЗОБОД, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба созандагию бунёдкорӣ машғул буда, бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонгир Боев дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муассисаи таълимии замонавӣ барои сокинони деҳаи Навбунёд бо 200 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Хамисавра бо таъмини таҷҳизоти замонавӣ, хатти оби нӯшокӣ барои сокинони деҳаи Арзанова аз масофаи 7,5 км бо таҷҳизонидани ҳисобкунакҳои замонавӣ, нуқтаи истироҳати сайёҳон дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ ва барои ҷавонони ду деҳа варзишгоҳҳои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Инчунин дар ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳия кӯдакистони наву замонавӣ барои 100 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, созмонҳои хориҷӣ, буҷаи ноҳия ва ҳашарҳои умумии мардум сохта ба истифода дода шуданд. Сокинони ноҳия аз иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастгирӣ намудани раиси ноҳия хурсанд буда, пайваста барои ободу зебо гардонидани диёри худ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои фарзандонашон дар маҳал, аз қабили бунёди роҳу пулҳо, сохтани марказҳои фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Файзобод, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнҳои миллӣ дар соли 2018 дар ҳудуди ноҳия 37 иншооти аҳамияти ҷамъиятидоштаро ба истифода медиҳанд, ки дар он сурат зиёда аз 200 ҷойҳои нави кори доимӣ пайдо мегардад.










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






