Дар шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд
ХУҶАНД, 14.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаҳои маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳр иттилоъ доданд, тибқи дастури шаҳрдории Хуҷанд ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ баргузории барномаҳои таҷлили Наврӯз дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он то 25 март идома меёбад. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наврӯзии маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Дирӯз аввалин шуда, дар маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳр бо иштироки аҳли маҳалла ва фаъолони шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак оғоз гардиданд. Сокинону бошандагони маҳалла ва муҳассилини мактабҳо барои гузаронидани чорабинии Наврӯзӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Дар ин рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмон ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи «бойчечакхонӣ», бозию ҳунарҳои миллӣ, аз қабили «Кокулбофӣ», «Ҳаппакбозӣ», «Ошиқбозӣ», «Лаппар», суруди «Нақшхонӣ» ва оростани дастархони наврӯзӣ бо «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» ва таоми анъанавии суманак намоиш дода шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






