ЭҲТИЁТ- НИМИ ҲАЁТ! Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 15 марти соли равон дар километри 181-уми роҳи Душанбе –Чаноқ бар асари бархӯрди мошини тамғаи «Land Rover», рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди роҳ А. Каримов ба ҳалокат расида, корманди дигари он И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид. Аз ронанда ва мусофирони мошини «Land Rover» ягон нафар осеб надидааст.
Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони зикршуда аз нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон буда, замони рух додани садама онҳо дар ин масир машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд.
Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар аксар маврид суръати ҳаракатро баланд намуда, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, ки ин хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро ба вуҷуд оварда, боиси ҳалокати одамон мегардад.
Роҳбарияти филиали ширкат аз кулли ронандагон даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири таъмини ҳаракати бехатари мусофирону ронандагон нигаронида шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






