ГУЛ МЕПАРВАРЕМ! Дар шаҳри Бохтар ба парвариши гулҳо диққати махсус дода мешавад
БОХТАР, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва корез»-и шаҳри Бохтар оид ба парвариши гулҳои мавсимӣ ва самаранок истифода бурдани замин бо иштироки намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон аз вилояти Суғд, роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии обтаъминкунӣ ва корези шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва намояндагони дигар ташкилоту муассиса, корхонаҳое, ки ба парвариш ва нигоҳубини гулҳои мавсимӣ машғуланд, семинари вилоятӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси шаҳри Бохтар Дилшод Муҳаммадҷонзода оид ба ҳадафи аслии баргузории семинар ибрози андеша кард. Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои гулпарварии вилоят барои парвариши гулҳо, зиёд намудани навъу намудҳои гулҳои зебои ороишӣ ва ба мизоҷону меҳмонон пешниҳод намудани онҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
Бо мақсади майян намудани корхонаҳои фаъолу пешсаф аз тарафи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ ва коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни гулпарварӣ эълон гардида, ба ҳамаи роҳбарони корхонаҳои зертобеъ вобаста ба масъалаи мазкур супориш дода шуд. Ғайр аз ин зимни семинар барои пешбурди кор ва ислоҳи камбудиҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар қисмати дигари семинари омӯзишии вилоятӣ иштирокдорон бо корҳои амалии Корхонаи давлатии фаръии «Обтаъминкунӣ ва корез»-и шаҳри Бохтар шинос гардиданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






