Гурӯҳи «Humming House»-и Амрико: «Тоҷикистони дилрабо ба мо хеле писанд омад»

Март 6, 2018 10:48

ДУШАНБЕ, 6.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Якканавози гурӯҳи  навозандагони машҳури «Humming House» аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷустин Уайд, ки чанде пеш  дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев аввалин барномаи консертии худро баргузор намуд, пас аз консерт  ба мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки «Тоҷикистони дилрабо ба мо хеле писанд омад ва мо тӯли чанд рӯзи сафар аллакай ба ин мамлакат дил бастаем ва табиати дилфериби ин кишвари офтобӣ моро мафтун сохт».

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафари гурӯҳи мазкур ба Тоҷикистон бо даъвати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барномаи консертӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи навозандагони машҳури «Humming House» на танҳо дар ИМА, балки дар тамоми ҷаҳон маъруфият доранд. Чанде қабл гурӯҳи мазкур дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ барномаҳои консертии худро манзури дӯстдорони санъат гардонида буд.

Март 6, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ