Имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавсеа пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо таъкиди аҳамияти хоссаи татбиқи ҳамаҷонибаи маҷмӯи имконоти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои транзитии ду кишвар ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки ҳамкориро дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ фаъол гардонанд ва масъалаҳои барқарор намудани масирҳои мавҷуда ва тарҳрезии масирҳои нави транзитии автомобилӣ, роҳи оҳан ва авиатсиониро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ин матлаб зимни баёни изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ки 9 марти соли равон сурат гирифт, изҳор шуд.
Дар ин росто, сарони ду давлат барқарор шудани алоқаи роҳи оҳанро дар қитъаи Ғалаба-Амузанг истиқбол намуда, таъкид намуданд, ки ҳамкории минбаъда ҷиҳати ташаккули тарофаҳои рақобатпазир барои интиқоли борҳои тиҷоратии берунӣ бо иштироки роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони таъмини боркашонии самарабахшро тавассути долонҳои нақлиётии амалкунанда фароҳам меорад.
Ин иқдомро сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти статегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур РАСУЛОВ робитаи мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон номида, ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ кард. Тавре ин коршинос ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Дар изҳороти муштараки президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ самтҳои асосии фаъолият дар соҳаҳои мухталиф пешниҳодҳои ҷолиб баён карда шуданд. Аз ҷумла, роҳбарони ҳарду давлат изҳор доштанд, ки дар оянда ҳамкорӣ дар соҳаҳои инфрасохтори байни ду кишвар боз ҳам густариш пайдо мекунанд». Ба андешаи ҳамсуҳбат, имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон якчанд роҳҳои автомобилгард мавҷуданд, ки онҳо ҳамчун роҳҳои мустақим ва роҳҳои транзитӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Роҳи автомобилгарди Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин ва баръакс, Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон ба воситаи Помир, ки соли 2006 ба истифода дода шуда буд, имконият медиҳад, ки ин се кишвар ба дигар кишварҳои минтақа молу маҳсулоташонро дар муддатҳои кўтоҳ интиқол диҳанд.
Ҳамзамон тавассути роҳи Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин имконияти зиёд пайдо шуд, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тавассути мошинҳо ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин борҳои хоҷагии халқ интиқол дода шаванд. Тавассути даҳлези нақлиётии Душанбе-Чанок-Тошканд ва баръакс, аз он ҷо ба Душанбе ва дигар шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон борҳои таъйиноти мухталиф кашонида мешаванд.
Роҳи мошингарди Душанбе–Турсунзода-Ӯзбекистон, ки тавассути маблағгузории Бонки осиёгии рушд ва 120 млн. доллари амрикоӣ маблағи бебозгашти он навсозӣ гардид, ҳамчун шоҳроҳи муҳим ду кишвари бародарро ба ҳамдигар пайваст менамояд. Ин роҳ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва борҳои зиёдеро ба воситаи ин роҳ кашондан мумкин аст.
Роҳи Душанбе-Айнӣ-Панҷакент-Самарқанд низ тавассути ҳамкории байналхалқии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқии молӣ навсозӣ ва таъмиру тармим гардид ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Тавассути ин роҳ имконият ҳаст, ки борҳои зиёде, аз ҷумла, борҳои корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шаванд ва аз он ҷо ба дигар давлатҳо содир гарданд».
Миёни ин ду давлат инчунин чанд шохаи роҳи оҳан, аз ҷумла, роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода-Ӯзбекистон-Суғд-Ӯзбекистон, ки роҳи бузурги бору мусофиркашонӣ ба ҳисоб меравад, мавҷуданд.
Дар рӯзҳои сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон роҳи оҳани Амузанг-Ғалаба мавриди истифода қарор гирифт. Яъне тавассути ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлони Тоҷикистон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон роҳи мазкур пайваст гардид. Ба ин муносибат намояндагони ду вилояти ҳамсарҳад ҷашни ифтитоҳи роҳро ботантана таҷлил намуданд. Ин роҳ дар ҷануби мамлакат як роҳи хеле муҳим барои содироти борҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ва воридоти молҳо аз Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Баъди солҳои тӯлонии баста будани қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Амузанг он бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии Ғалаба-Амузанг ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тӯлонӣ ва пайвастаи Сарони давлатҳо мебошад.
Тавре таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ иброз медорад, мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун кишварҳои транзитӣ имкониятҳои фаровон доранд, ки ба ҳамкорӣ дар ташкили интиқоли борҳо боз ҳам тавсеа бахшанд. Яъне ду давлати ҳамсоя барои ҳамдигар метавонанд ҳамчун кишварҳои транзитии асосӣ истифода шаванд.
Миёни ин ду мамлакат боз роҳҳое ҳастанд, ки аҳамияти минтақавӣ доранд. Масалан, дар Ӯзбекистон роҳи оҳане ҳаст, ки аз Тирмиз оғоз гардида, ба тарафи Мазори Шарифи Афғонистон тӯл мекашад ва дар оянда имконият ҳаст, ки роҳи мазкур то Ҳироти Афғонистон ва аз он ҷо ба Эрон расонида шавад. Ин роҳ низ барои кишварҳои минтақа аҳамияти калони тиҷоратӣ дорад.
Тавре хабар дорем, дар ояндаи наздик роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон бояд бунёд шавад. Дар айни ҳол дар ин ҷанба корҳои иқдомотӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистону Туркманистон оғоз ёфтаанд ва дар оянда ин хатсайр метавонад ба роҳҳои оҳани Ӯзбекистон низ пайваст гардад.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон роҳҳои оҳани қатораҳои серҳаракат бо мусоидати давлати Чин бунёд шудаанд ва фаъолият доранд. Бо чунин қатораҳо аз Тошканд то Самарқанд дар ду соат рафтан имконпазир аст. Ҷониби Ӯзбекистон изҳор дошт, ки метавонад дар бунёди роҳҳои оҳани қатораҳои серҳаракат дар Тоҷикистон мусоидат кунад.
Сол то сол интиқоли бор миёни ду кишвар зиёд мешавад. Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 126,4 млн. долларро ташкил намуда, назар ба соли 2016 ба маблағи 57,1 млн. доллар афзоиш ёфт. Дар ин давра содироти молу маҳсулот ба Ӯзбекистон 57,1 млн. доллар ва воридот 69,3 млн. долларро ташкил намуд.
Ғафур Расулов мегӯяд, ки вазни қиёсии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунии кишвар соли 2017 ҳамагӣ 3,2%-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба имкониятҳои мавҷуда хеле кам мебошад.
«Тавре дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон зикр шуд, ҳарду давлат имкон доранд, ки ҳамин нишондиҳандаро то 500 миллион доллари ИМА ва аз он ҳам зиёд расонанд. Аз ин рў, рушд додани инфрасохтор, бунёди роҳҳои оҳан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ кардани онҳо хеле муҳим аст. Дар ин росто тарафҳо зикр намуданд, ки барқарор кардани масирҳои қаблӣ ва ифтитоҳи масирҳои нави автомобилӣ, роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоии байни шаҳрҳои ду кишвар барои фаъолгардонии муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунанд»,-илова намуд ҳамсуҳбат.
Дар интиҳои суҳбат сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти статегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Расулов бо боварӣ изҳор кард, ки ин иқдом ба тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, афзун гардидани гардиши молу маҳсулот, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмӯъ, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста заминаи воқеӣ мегузорад.
Мавҷуда АНВАРӢ
АМИТ «Ховар»