Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон

Март 9, 2018 18:13

ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фарматсевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро ифтитоҳ намуданд.

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид.

Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тӯлонии баста будани қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба – Амузанг» роҳи  пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии «Ғалаба-Амузанг» ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тулонӣ ва пайвастаи Сарони давлатҳо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ин иқдоми хирадмандонаи Сарони ҳарду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу маҳсулот, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳарду кишвар ва дар маҷмуъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.

Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо ба манфиати ҳарду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.

Дар баробари ин, айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 млн. тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон 09.03.2018

Март 9, 2018 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд