КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» барои воридоти маҳсулот аз ААИ озод мегардад

Март 7, 2018 09:16

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дирӯз дар ҷаласаи навбатии  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» тағйирот ворид намуданд.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова  ва вакили Маҷлиси намояндагон Тоҳир  Ҷобирзода зимни тавзеҳи масъалаи мазкур зикр намуданд, ки тибқи ин тағйирот  соли 2018 Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин воридоти маҳсулот, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Вакилони Парлумон ҳамзамон  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017,  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро тасдиқ  намуданд.

 

 

Март 7, 2018 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид