Маърифат ва масъулияти шаҳрвандонро баланд бардорем-бардошт аз мулоқот дар шаҳри Кӯлоб

Март 29, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр бо сокинони  маҳаллаи мазкур, бахусус ҷавонон  баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров доир ба иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуда, ҷавононро ба амалҳои созанда ва ободкорӣ даъват намуд. Мавсуф онҳоро даъват кард, ки ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон омода бошанд. Ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, истифодаи нодурусти технологияи муосир, зарари телефонҳои мобилӣ, зарару оқибатҳои даҳшатбори нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ибрози андеша карда шуд.

Зикр шуд, ки ҳимояи Ватан ва марзи он муҳимтарин қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ мо бояд  дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи хеш баҳри ободию осудагӣ, ҳифзи марзу бум, суботу оромии ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба анҷом расонем.

Март 29, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд