«Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир: ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ»-конфронси ҷумҳуриявӣ

Март 5, 2018 13:52

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату сохторҳои дахлдору ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавзӯи «Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ  баргузор намуд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар конфронс муовини раиси Бонки миллӣ Ҳамидулло Машрабзода зикр намуд, ки  Соли ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстии насли созанда гардида, дар ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.

«Имрӯз иштироки фаъоли ҷавонон дар барномаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву созандагӣ боиси ифтихор ва қобили таҳсин мебошад. Дар ин раванд ҳамзамон зарур аст, ки ҷавонон дар самти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода бошанд. Дар баробари амалу ташаббусҳои созанда, муаррифии дастовардҳои илмиву эҷодӣ таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд»,-гуфт Ҳамидулло Машрабзода.

Ҳамчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки дастгириву ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд нашудааст. Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардидааст, «ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».

Дар ҷамъомад вобаста ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир, фарогирии ҷавонон бо таҳсилот ва шуғл, муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир — ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар мамлакат, омори муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ, интихоти касб дар ҷомеаи муосир миёни ҷавонон, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии он сухан гуфтанд.

 

Март 5, 2018 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ