Музаффар Ҳусейнзода бо Петер Сийярто роҷеъ ба густариши самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба суҳбат намуд

Март 1, 2018 11:07

ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврали соли 2018 дар ш. Будапешт мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Венгрия Петер Сийярто баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба таҳким ва густариши самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуданд.

Ҳамсуҳбатон дар мавриди дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои  кишварҳояшон дар ҳошияи СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Ба мақсади идомаи муколамаи созанда дар сатҳҳои гуногун Венгрия  омодагиашро ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои байналмилалие, ки имсол бо ибтикори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, изҳор кард.

Март 1, 2018 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд