Нақши Наврӯз дар муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ муҳим аст-бардошт аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир маҳз Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ, ҳамкориву дӯстӣ ва пойдор нигоҳ доштани суннату анъанаҳои миллии мардумони кишвари ҳавзаи Наврӯз хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бе хушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад. Дар ин росто нақши ҷашни Наврӯз барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ хеле муҳим дониста мешавад. Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода зимни намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз», ки дар Донишкадаи мазкур доир гардид, баён дошт.
Тавре аз Донишкада ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷамъомад маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандони гулдаст, аз қабили гулдӯзиҳои рангоранг, болишту кӯрпачаҳо, гилем, сабад, гаҳвора ва маҳсулоти кулолгарон, оҳангарон ва наҷҷорон ба маъраз гузошта шуд.
Зимни конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки кӯшиши худро барои тарғиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта равона созанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






