Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо Натали Грисбек мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек 2 март доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Намояндаи доимии Тоҷикистон иттилооти муфассалеро оид бо фаъолияти ҳамарӯзаи давлати мо дар бахши муборизаи муваффақ ва мунтазам бар зидди ҳар гуна зуҳуроти ин падидаи шум ба намояндаи воломақоми Парлумони Аврупо манзур кард. Суҳбати доманадор пиромуни зарурати ҳамкории босамари ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.
Зимни мулоқот масоили марбут ба ширкати Парлумони Аврупо дар конфронси қарибулвуқӯъ дар мавзӯи «Мубориза алайҳи терроризм ва радикализм», ки баргузориаш 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






