Оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд

Март 21, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 21.03.2018./АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ  чанд рӯз боз идома доранд.  17 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода   ҳамроҳи гурӯҳе аз шоирону нависандагон ба чанде аз шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзии маҳаллаҳои Раззоқ ва Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо сокинони маҳаллаҳо таъкид намуд, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашро тозаю ороста менамояд.

Дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят ва аҳли зиё ҳамзамон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти пазандагони моҳир — муҳассилини макотиби маҳалла шинос шуданд. Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони маҳалла, махсусан бо мӯйсафедон сӯҳбати самимӣ намуда, аз онҳо дуои неки наврӯзӣ гирифт. Дар сари деги суманак баҳри ободии диёр ва шукуфоии Ватан дасти дуо бардошта шуд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова дар бораи файзу фазилатҳои неки Наврӯз ибрози андеша намуданд.

Март 21, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ