Ҷомӣ ва Навоӣ-рамзи дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбек
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мероси адабии шоирони барҷастаи адабиёти классикии халқҳои тоҷику ӯзбек-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ тараннумгари дӯстиву рафоқат, бародарию ваҳдат ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Душанбе дар мавзӯи «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ: рамзи дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек» доир гардид, зикр шуд.
Ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимон ва адабиётшиносони тоҷик ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкур дар партави сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон доир гардид, гузаронида шуда, ҳадафаш тақвияти равобити илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.
Дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов доир ба тавсеаи равобити мутақобилан судманди ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан карда, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани 27 созишномаи байнидавлатиро гардиши муҳим дар самти равобити байнидавлатӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри бостонии Самарқанд пайкараи шоирони машҳури адабиёти классикии халқҳои тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта шудааст. Ҳамзамон дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе боғе ба номи Алишери Навоӣ гузошта шуда, дар он пайкараи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қомат меафрозанд, ки таҷассумгари дӯстии безаволи халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад.
Дар ҳамоиш олимону адабиётшиносони шинохтаи тоҷик доир ба робитаҳои эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, муносибатҳои дӯстонаи ду шоири шинохта ва мероси бои адабии онҳо дар ташаккули адабиёти классикии ду халқи дӯсту бародар –тоҷику ӯзбек табодули назар намуданд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар китоби «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро ки дар Ӯзбекистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр гардидааст, тақдим намуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






