РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД: хатмкунандагон аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дидан карданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон Рӯзи дарҳои кушод ҷараён дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои Асадулло Муллоҷонов, котиби масъули комиссияи қабули соли таҳсили 2018-2019, дар ин маърака муҳассилин — хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доранд. Дар донишкада оид ба ҳар як ихтисос ба довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, садорати факултетҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷуда маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.
Довталабон дар баробари шиносоӣ бо комёбиҳо боз аз шароити синфхонаҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳҳо, марказҳои тестӣ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии ДМИТ дидан мекунанд.
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод», ки муаррифи ихтисосҳои роиҷи он аст, тақдим мегардад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз донишкада аз рӯи 40 ихтисос мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад. Соли равон боз як ихтисоси дигар – менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ кушода шуд, ки ихтисоси замонавист ва талабот ба он зиёд аст.
Рӯзи дарҳои кушод дар донишкада то 10 марти соли равон идома меёбад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






