«Сомон Эйр» 8 ҳавопаймои муосири Embraer Е-190 Е2 харидорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо президенти ширкати «Embraer Commercial Aviation» Джон Слэттери музокирот анҷом дод.
Тарафҳо зимнан масоили аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» харидорӣ намудани 8 адад ҳавопаймоҳои муосири Embraer Е-190 Е2-ро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷараёни музокирот ҳамчунин масоили маблағгузории иқдоми мазкур тавассути Бонки содиротиву қарзии Бразилия тариқи лизинги молиявӣ муҳокима гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҳавопаймоҳои Embraer Е-190 Е2 то 100 ҷойи нишастро доро буда, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имкони васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва дар хатсайрҳои пурбории тиҷоратиашон нисбатан кам ихтисори масрафи ширкатро фароҳам меорад. Музокирот дар доираи барномаи давлатии рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навсозии парки ширкати ҳавопаймоӣ гузаронида шуд.
Алҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки тирамоҳи соли гузашта ба узвияти ИАТА қабул гардид, ба самти кишварҳои Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон муваффақона парвозҳоро анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои замонавии Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






