«Сомон Эйр» ба ифтихори Рӯзи модар дар нархи ҳамаи хатсайрҳо тахфиф пешниҳод мекунад

Март 1, 2018 11:41

ДУШАНБЕ, 01.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот  ба таҷлили Рӯзи Модар,  ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, иқдоми наҷиб роҳандозӣ менамояд.

Ба  муносибати ин иди фархунда ширкати «Сомон Эйр» барои кулли мусофироне, ки аз 1 то 8 март чиптаи ҳавопайморо аз фурӯшгоҳи ширкат, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов, 40-и шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд, дар ҳамаи хатсайрҳои аз ҷониби ширкат иҷрошаванда 8% тахфиф пешниҳод мекунад.

Дар айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро муваффақона аз Тоҷикистон ба самти Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

 

Март 1, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ