Спитамен: ғолибони озмуни вилоятии «Ҳафт син ва ҳафт шин» ва «Маликаи наврӯзӣ» муайян гардиданд

Март 21, 2018 10:52

ХУҶАНД, 21.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳунаромӯзӣ, бедор намудани ҳисси зебоиву зебоипарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд гардонидани ҳунармандони навраси боистеъдод дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дирӯз  дар  Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен озмунҳои вилоятии беҳтарин дастархони наврӯзӣ-«Ҳафт син ва ҳафт шин» ва «Маликаи Наврӯзӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, ин озмун бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ташкил ва гузаронида шуд. Дар  даври ҷамъбастии озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Деваштич, Хуҷанд, Гулистон, Ашт, Зафаробод, Конибодом, Спитамен, Исфара, Бӯстон, Истиқлол ва Шаҳристон ширкат намуданд.

Аз ҷумла, дар номгӯи «Маликаи Наврӯзӣ» ҷои аввал насиби Муҳиба Бобоҷонова, хонандаи синфи 11 –и Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Моҳрухсор Муродова, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон ва Ясминаи Оқимҷон, хонандаи синфи 10-и МТМУ №6-и шаҳри Истиқлол ва ҷои сеюм насиби Марҷона Асадова, хонандаи синфи 10 –и Литсейи №1-и ноҳияи Зафаробод, Таҳмина Нурзода, хонандаи синфи 10 –и Литсейи №1-и ноҳияи Спитамен ва Гулсанам Хуҷаназарова, хонандаи синфи 11 –и МТМУ №2-и ноҳияи Шаҳристон гардид.

Аз рӯи номгӯи беҳтарин дастархони Наврӯзӣ — «Ҳафт син ва ҳафт шин» мақоми аввалро Нилуфар Комилҷонзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, дуюмро Маҳлиё Туранова аз шаҳри Конибодом ва Навбаҳор Салимова аз шаҳри Истаравшан ва  сеюмро намояндагони ноҳияҳои Спитамену Ашт ва шаҳри Бӯстон соҳиб гардиданд.

Дар интиҳо ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардиданд.

Март 21, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд