Сумангул Тағойзода ва Олга Кулаева оид ба танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо директори Бюрои минтақавии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Москва Олга Кулаева мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тарафҳо зимни мулоқот оид ба ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, аз ҷумла, аз ҷараёни иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2015-2017», ки татбиқи он барои ба вуҷуд овардани имконияти васеи шуғли арзанда, тақвияти нақши муколамаи иҷтимоӣ, танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат мусоидат менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷонибҳо зимни муҳокима афзалият ва ҳадафҳои амалкунандаи барномаро муҳим арзёбӣ намуда, барои таҳияи афзалиятҳои нав ба «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Тоҷикистон ва ТБМ оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2018-2022» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






