Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи фарруху фархундапай дар Туркманистон
ДУШАНБЕ, 26.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод, бо шукўҳу шаҳомати хоса Иди байналмилалӣ ва бостонии Наврўзи Аҷам бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ, шаҳрвандони кишвари иқомат, роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод таҷлил гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинии фарҳангӣ меҳмонон дар намоишгоҳ ба дастурхони Наврўзӣ, аз ҷумла ҳафт сину ҳафт шин, осори ҳунарҳои халқии мардуми тоҷик, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, саноати хӯрока таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд ва дастаи ҳунармандони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо тариқи телевизони давлатии Туркманистон оид ба таърих ва мақоми байналмиллалӣ гирифтани Иди Наврўз, пайвастагиҳои таърихии ду миллат ва таҷлили ҷашни бостонии Наврӯзи Аҷам дар Тоҷикистон баромад намуда мардуми дӯсту бародари Туркманистонро бо Иди Наврузи байналмилалӣ табрику таҳният арз намуда бо онҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно кард.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






