Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи муҳоҷиратро шарҳ дод

Март 29, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 14-15 марти соли 2018 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия, Протоколи иҷроияи тартиби татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои баимзорасида ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон  будубош ва фаъолияти меҳнатӣ  менамоянд, ҳамкорӣ миёни сохторҳои ваколатдори ҳар ду давлат дар танзими масъалаҳои муҳоҷират ва дар ин замина мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстии тарафайн равона гардидаанд.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА муқаррароти созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бораи муҳоҷират ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  чунин шарҳ дод:

  1. Мутобиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷрои он мақомоти ваколатдори Тарафҳо тибқи тартиб ва шартҳои муайяншуда супоридан ва қабули шаҳрвандони Тарафҳоро, ки  дар қаламрави давлатҳои якдигар ба  қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, ба амал мебароранд.
  2. Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави давлатҳои якдигар ба муҳлати 30 рӯз аз бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош озод карда шуда, муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, ин муқаррароти Созишнома ба шаҳрвандони Тарафҳо, бахусус шаҳрвандони ҷумҳурии мо, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, барои расмикунонии  будубошашон шароити мусоид фароҳам меорад. Зеро, қаблан муҳлати бақайдгузорӣ барои шаҳрвандони кишвари мо дар ин давлат 5 рӯз ва муҳлати умумии будубош 1 моҳ  муқаррар гардида буд. Дар ин муддати кӯтоҳ аксари шаҳрвандони мо дар ин давлат аз сабаби надонистани қонунгузории ин кишвар ва ё рост омадани давраи сафари онҳо ба рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузорӣ дар ҷои иқоматро надоштанд. Ин сабаби вайрон намудани қонунгузории ин давлат ва ташвиши онҳо гардида, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд. Дар бисёр ҳолат чунин шаҳрвандон аз ин кишвар ба тариқи маъмурӣ берун карда мешаванд.

“Мавриди амал қарор гирифтани санади мазкур мушкилоти зикршударо аз байн мебарад. Яъне минбаъд шаҳрвандони мо  дар ин кишвар дар муҳлати 30 рӯзи муайяншуда аз бақайдгирӣ озод буда, дар сурати будубоши зиёда аз ин муҳлат онҳо дар маҳали иқоматашон ба қайд гирифта мешаванд, ки муҳлати будубоши онҳо дар ин давлат 90 рӯзро ташкил медиҳад. Дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони мо метавонанд дар ин давлат бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро ба 1 сол тамдид намоянд”,-илова намуд ӯ.

  1. Тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират  мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки  мубодилаи иттилоотро доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус   оид ба теъдоди шаҳрвандони Тарафҳо, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ  доранд, ба роҳ монанд.  Мубодилаи иттилои мазкур ба фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тарафҳо мусоидат мекунад.
  2. Мувофиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мақомоти ваколатдори Тарафҳо ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумот оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар ба қувваҳои коргарӣ, омодасозӣ ва сафарбарсозии муташаккилонаи шаҳрвандони Тарафҳо ҷиҳати бокортаъминсозӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

Ба маълумоти Нурулло Маҳмадуллозода, Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки шаҳрвандони мо дар ин давлат кор ва будубоши муваққатӣ доранд.  Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ум 12 ҳазору 336 нафар шаҳрвандони мамлакатамон ба Ҷумҳурии  Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд. Илова бар ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон тоҷикони бурунмарзӣ (сокинони муқимӣ) истиқомат дошта, ба фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ машғуланд. Айни замон дар ин кишвар 8 ҷамъият ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман фаъолият менамоянд, ки бо онҳо робитаҳои зич ба роҳ монда шудааст.

“Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зери назорати доимӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Солҳои охир бо мақсади истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа  бо як зумра  давлатҳои хориҷӣ дар ин самт созишномаҳои ҳамкорӣ  баста мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд”,-зикр кард муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Март 29, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
Дар Суғд саҳми шуроҳои ҷамъиятиро дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ намуданд
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супорид
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тақвият меёбад
Ҳоким Холиқзода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Шаҳри Магдебурги Олмон мизбони Мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид