Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея аз Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии профессор Сон ЁХван чанде қабл бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Мақсади сафар асосноккунии техникии омӯзишии макони лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи хоҷагии ҷангал, инчунин баррасӣ намудани ҳамкории минбаъда бо Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари мазкур дар доираи иҷрои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷангал байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 10 октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расида буд, анҷом дода шуд.
Ҳамзамон дар он давра ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея аз мақомоти соҳаи хоҷагии ҷангали кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳиш намуд, ки лоиҳаҳои татбиқшавандаи навро оид ба соҳаи ҷангал то 30 сентябри соли 2017 пешниҳод намоянд.
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра доир ба масъалаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода, 10 лоиҳаи оид ба самтҳои афзалиятноки соҳаи хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи тартиби муқарраргардида ба унвони Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея ирсол намуд.
Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея бо мактуби худ аз 19 январи соли 2018 иттилоъ дод, ки аз 10 лоиҳаи пешниҳодшудаи Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 лоиҳаро пазируфта, дар доираи ин лоиҳаҳо ба роҳ мондани ҳамкориро хоҳиш дорад.













Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






