Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел 100 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз маркази мабуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, нахуст ҷавонон бо намоишгоҳи илму ҳунар ва дастовардҳои варзишии омӯзгорону курсантони ин таълимгоҳи тахассусӣ, ки ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саҳни бинои муҳташами Академия барпо гардида буд, шинос шуда, аз синфхонаҳои таълимӣ ва толорҳои машқу варзиши Академия дидан намуданд.
Пас аз намоишгоҳ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» мулоқот намуда, аз таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд.
Ҳамчунин Р. Раҳимзода иброз дошт, ки дар асоси Нақшаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ давоми соли равон, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, дар вилояту шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар конференсияву семинарҳо баргузор карда мешаванд. Дар онҳо шумораи зиёди ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагону донишҷӯён иштирок хоҳанд намуд.
Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳори умед намуд, ки иштирокдорони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъол мебошанд, бо бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ миёни ҳамсолони худ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.












Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






