БА БЕМОРИИ СИЛ ХОТИМА МЕБАХШЕМ! Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фарҳангӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотию фарҳангӣ таҳти унвони «Фаъолони ҷаҳони бидуни силро ҷустуҷӯ менамоем ва дар таърихи ҷаҳони бидуни сил саҳм гузошта ба бемории сил хотима мебахшем» баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар доираи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим амалӣ мегардад, баргузор карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ духтурон, ҳамшираҳои шафқат, фаъолони маҳаллӣ ва ихтиёриён аз саросари ҷумҳурӣ, ки барои беҳтар намудани сатҳи муолиҷаи бемории сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз ин беморӣ саҳм гузоштаанд, аз тарафи ташкилкунандагон қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин зимни чорабинии мазкур ғолибони озмуни беҳтарин инъикоси роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил таҳти унвони «Бемории сил табобатшаванда аст!» эълон хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил» 12 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил», лоиҳаҳои тандурустӣ Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), ҳамчунин намояндагон аз раёсатҳои тандурустии вилоятҳо иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиши мазкур зикр карда шуд, ки агарчӣ авҷи бемории сил миёни сокинони Тоҷикистон дар қиёс ба кишварҳое, ки бемории сил миёни аҳолии онҳо дар ҳоли паҳнвашӣ қарор гирифтааст, паст мебошад, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ин бемории сироятӣ ва ҷиҳати ҳифзи сокинон ва гирифторшавӣ ба ин намуди маризӣ як зумра тадбирҳои амалие рӯи даст гирифта, ҳамасола «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил»- ро дар сатҳи баланд таҷлил менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи Дастгирии беморони сил ба тасвиб расид, ки ҷиҳати иҷрои он дар чор ноҳияи пойтахт тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






