«ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ПОЯНДА БОД!». Ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуданд

Апрель 25, 2018 13:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 100 нафар ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иқдоми мазкур дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, мақсади асосӣ васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ пайдо намудан аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, фарҳанги ниёгон, маданияти шаҳрдорӣ ва дар ин замина тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Субҳи имрӯз ҷавонони фаъоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз маркази фарҳангии «Исмоилия»-и  шаҳри Душанбе  ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар назар аст, ки баъд аз нисфирӯзии имрӯз ҷавонон аз Китобхонаи миллии Точикистон, Осорхонаи миллӣ, Боғи парчами миллӣ, «Кохи Наврӯз» ва Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи устод «Рӯдакӣ» дидан намоянд.

Апрель 25, 2018 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад