Дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд

Апрель 24, 2018 08:39

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли равон дар шаҳри  Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Фаластин баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Фаластинро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Мозин Шомия роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид карданд.

Апрель 24, 2018 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд