Дар Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо» ба кори худ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 25.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»-таҳти чунин унвон имрӯз, 25 апрел дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба кори худ оғоз намуд. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки дар конференсия фаъолони вилоят, намояндагони сохторҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ходимони дин иштирок менамоянд.
Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Дар идома мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбег Бегназаров, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода маърӯза намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар қатори зуҳуроти дигари номатлуб паҳншавии ифротгароии динӣ дар олам, ки ба давлати мо ҳам бетаъсир нахоҳад буд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Аммо бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва динӣ низ шарт ва зарур мебошанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






