Дар Хатлон Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони аҳли ҳунару фарҳанг ва адибону кишоварзон чорабиниҳо баргузор мегарданд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, чорабиниҳо аз 9 то 13 майи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор мешаванд.
Дар доираи чорабиниҳои мазкур баргузории вохӯрии намоядагони ҷавонон, адибон ва аҳли ҳунар, инчунин маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти унвони «Модарон дар шоҳроҳи ваҳдат», «Ширу шакари адибони Бадахшон ва Хатлон», «Шоми дӯстӣ» ва ғайраҳо дар назар аст.
Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзону саноатчиён баргузор мегарданд. Ҳамзамон раисони ду вилоят бо аҳолӣ ва собиқадорон вохӯриҳо анҷом хоҳанд дод. Барномаи ҷамбастии чорабиниҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки васеи аҳолӣ доир мегардад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






