Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд кишти баҳорӣ вусъат меёбад
ХУҶАНД, 04.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо суръат идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи растанипарварии сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов иттилоъ дод, соли равон кишоварзони вилоят азм доранд, ки кишти баҳорӣ, бахусус кишти пунбадонаро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ сари вақт гузаронида, ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ деҳқонон ба кишти зироати баҳорӣ, аз ҷумла, пунбадона шурӯъ намудаанд.
То 3 апрел дар майдони 59 036 га корҳои кишти баҳорӣ анҷом ёфта, кишти бештар дар ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Истаравшан, Панҷакент ва Спитамен гузаронида шудааст. Дар ин самт аз 14 ноҳияи кишоварзӣ корҳо бештар дар ноҳияҳои Деваштич, Истаравшан ва Шаҳристон хуб ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамчунин масъулини ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Мастчоҳро, ки беш аз нисф ками нақшаи корҳоро иҷро кардаанд, мебояд дар ин самт бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҷараёни корҳоро ҷоннок намоянд.
Дар маҷмӯъ, соли равон кишоварзони вилоят нақша доранд дар майдони 182 ҳазору 975 гектар кишти баҳорӣ анҷом диҳанд, ки аз он 57 ҳазорашро кишти пахта ташкил медиҳад. Ҳоло дар самти кишти пунбадона аз 7 ноҳияи пахтакор дар ноҳияҳои Конибодом ва Мастчоҳ корҳо хуб ҷараён доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






