Дар марзи давлатӣ интиқоли аслиҳа ва маводи мухаддир пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин 3 кг 500 гр маводи нашъадори афюн, 32 кг ҳашиш ва 10 кг героин аз қочоқбарони афғон дарёфт ва мусодира гардид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дода, зикр намуд, ки интиқоли аслиҳа ва маводи мухадирро хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» зимни амалиёти муштарак пешгирӣ намуданд.
“19 апрел соати 12:30 дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ байни қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуданд. Боқимонда қочоқбарони афғон тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд”,-илова намуд М. Улуғхоҷаев.
Аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






